zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол” давраи шаҳрии Фестивали «Атласу адраси Суғд-2017» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид, ки дар чорабинӣ намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, бонувону гулдухтарони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Беш аз 66 нафар иштирокчиёни фестивал-озмун аз рӯи бахшҳои беҳтарин либоси миллии қадима, либоси миллии кӯдакона, либоси миллии расмӣ, либоси миллии идона ва либоси миллии арӯсона маҳорати муаррифии либосҳои аз атласу адрас омода кардаи худро намоиш доданд.

Ҳамзамон, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокчиён ва тамошобинон барномаи марғуби консертиро бо саҳначаҳои ҷолиб манзур намуданд.

Ғолибони озмуни шаҳрӣ бо туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардида, онро дар вазъи мутантан Раиса шаҳр супорид.