zoofirma.ru

Бахшида ба Рӯзи куҳансолон бо супориши Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода беш аз 15 нафар куҳансолони маркази шаҳр бо дастрас намудани кумаки яквақтинаи моддӣ аёдат карда шуданд.

Самадов Воҳид, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисбати ғамхории пайвастаи Пешвои миллат ва давлати Тоҷикистон ба пирону куҳансолон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар ин раванд фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хеле назаррас мебошад.