zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода маросими ба имзорасии шартномаи судманди тарафайн бо яке аз корхонаҳои калонтарини шаҳр ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» баргузор гардид.

Дар ибтидо Раиси шаҳр роҷеъ ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот-маориф сухан ронда, зикр намуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди ин соҳа диққати аввалиндараҷа дода, барои ташкили шароити хубу мусоиди хониш, муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, таъмиру тармими иншооти таълимӣ ва монанди ин маблағгузориҳо менамояд. Дар баробари ин, мақомот баҳри ҷалби сармояҳои иловагӣ тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад барои ҳар як таълимгоҳ сарпарастон таъин гардида, бо онҳо пайваста корбарӣ карда мешавад. Раиси шаҳр бастани шартномаро бо ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» фоли нек арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар оянда низ ин муносибатҳои судманди тарафайн рушд ва такомул меёбанд.

Директори генералии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ван Ши Бин низ дар суханронии худ аз муносибатҳои судманди тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда дод, ки минбаъд низ ин муносибатҳо густариш хоҳанд ёфт.

Дар вазъи тантанавӣ ба шартнома-уҳдадории тарафайн ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ имзо гузошта шуд. Маблағи мазкур барои 9 муассисаи таълимии шаҳр равон гардида, барои таъмиру тармим ва беҳдошти раванди таълим мусоидат хоҳад кард.