zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ғайбуллозода доир ба суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва вазифагузориҳои мушаххаси Сарвари давлат сухан ронда, зикр намуд, ки Ҷаноби Олӣ аз тарзи татбиқи қонуни мазкур изҳори қаноатмандӣ карда гуфтанд, ки ин қонун тавонист дар амри муқовимат бо зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму русум, арзишҳои миллӣ мусоидат намояд. Бояд гуфт, ки қонуни мазкур аҳволи иҷтимоии сокинони кишварро хеле сабук карда, мардумро аз зери бори гарони сарфу хароҷотҳои миёншикан, маросимҳои бофтаю сохтаи динию мазҳабӣ, тӯю сурҳои намоишкорона наҷот дод.

Сипас дар ҷаласа масоили интизоми ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи нақшаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар охир ба пешоҳангони корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ туҳфаҳо ва ба аъзои нави шомилгардида билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Дар кори ҷаласаи кумиҷроияи ҳизбии шаҳр роҳбари дастгоҳи раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Фаррух Зоҳидов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирок ва суханронӣ намуданд.