zoofirma.ru

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ мешавад.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷоя бо кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ нақшаи чорабинӣ таҳия намуда, дар ҷамоати шаҳракҳо, маҳаллаҳо вохўрҳо, мизҳои мудаввар, конфронси илмӣ доир намуд. Бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар шаҳраки он Адрасмон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон, ҷавон ва собиқадорони ҳизб вохўрии васеъ ташкил ва гузаронида шуд.

Вохўриро муовини раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Абдулмаҷид Содиқов ифтитоҳ намуд ва сипас раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ҷамолиён Муслимахон оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси Шўрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳр Каромат Қосимова ва муовини раиси Шўрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Санавбар Нуриллоева оид ба натиҷаи амалигардонии назарраси қонуни мазкур ибрози ақида намуданд. Ҳамчунин сокинони шаҳрак низ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андешаи худро баён доштанд.

Ғайр аз ин, оилаи Қанаева Салима ва Назарова Матлуба аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии «Зарчашма» 19 бо маводи ғизоӣ аёдат карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр