zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар давоми шаш моҳи аввали соли 2017 доир гардид. Ҷаласа бо суханронии ифтитоҳии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оғоз гардид.

Доир ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми моҳҳои январ-июни соли равон роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Ҳакимзода маърўзаи муфассал намуд.

Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2017 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохт ворид гашт, ки он баробар ба 123,8 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана бошад 23 миллиону  052, 1 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 104, 9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳр 96,0 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардиданд, ки аз он 89,1 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 6,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои дохилӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 583 миллиону 041,0  ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 125,7 фоизро ташкил медиҳад.

Зимни баррасии масъалаи асосӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр бо як қатор дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, ки барои расидан ба ин комёбиҳо ҳамаи фаъолон ва аҳли меҳнати шаҳр саҳмгузорӣ кардаанд. Дар идома фаъолияти тамоми сохторҳо ва зерсохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ҷамоати шаҳракҳо, соҳаи иқтисодиёт, фаъолияти ҷудогонаи корхонаҳои саноатӣ ва дастоварду камбудиҳои онҳо аз ҷониби Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, оид ба пешрафти кор дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуд. Тазаккур ёфт, ки як қатор корхонаҳо дар иҷрои уҳдадориҳо ба саҳалангорӣ роҳ дода, нақшаро ба сомон нарасониданд. Ҳамчунин доир ба ноустувории нархи маҳсулоти хўрокворӣ дар бозорҳои ҳудуди шаҳр суханронӣ намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки назоратро дар ин самт пурзўр намоянд. Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳр аз имконоти хуб бархурдор буда, барои расидан ба дастовардаҳои беҳтару бештар шароит мавҷуд мебошад. Вобаста ба ин, масъулин муваззаф ҳастанд, ки барои комёбиҳои бештар аз ин тамоми кўшиши худро ба харҷ диҳанд ва дар гул-гулшукуфии шаҳр ва Тоҷикистони маҳбубамон саҳмгузор бошанд.

Дар ҷаласаи фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ иштирок ва суханронӣ намуд.