zoofirma.ru

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ба маблағи 1 миллиарду 583 миллиону 41,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125,7 фоизро ташкил дода, ба маблағи 323,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Беш аз 15 корхонаи саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 102,4 фоиз то ба 640,0 фоиз расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд 36,8 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 84 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, нақшаи дурнамои ҷамъи корхонаҳои саноатии шаҳр 129,1 фоиз ва уҳдадории корхонаҳо 105,3 фоиз таъмин гардидааст.

Соҳаи саноатии шаҳр бо 21 кишварҳои ҷаҳон робитаи судманди тиҷоратӣ намуда, дар шаш моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмўъ 217,6 миллион долларро ташкил дод. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 165,1 миллион доллари ИМА, воридот бошад 54 миллион долларро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 3,1 маротиба зиёд шудааст.