zoofirma.ru

Дар арафаи иди Фитр ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят панҷ нафар шахсони барӯманди шаҳрро аёдат карда, ба онҳо маблағҳо ва ёрии моддии Раиси вилояти Суғд ва шаҳрро супориданд.

Ҳамчунин, ба 1934 нафар пиросолону маъюбон, ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои бесарпараст, табақаи ниёзм анди ҷомеа, оилаҳои маъюбдошта ба маблағи зиёда аз 251 ҳазор  сомонӣ маводҳои хӯрокворӣ бо дастгирии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпеша кумаки моддии яквақта расонида шуданд. Бо дастгири як нафар шахси саховатманд ба 326 оилаҳои ниёзманду саробонгумкарда ва маъюбу бемордошта ба маблағи беш аз 75 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ба як нафар як аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои хайриявии ҷамъгардида ва фитри рӯза ба 28 нафар ятимони кулл 2700 сомонӣ, ба 54 нафар оилаҳои маъюбдошта 5400 ва ба 38 оилаи камбизоат 3800 сомонӣ кумаки моливӣ расонида шуд.

Бо дастури Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар дидбонгоҳҳои шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва Навгарзан барои афсарону сарбозон дасторхони идона ороста шуданд.

Дар маҷмӯъ бино ба иттилоии бахши ҳифзи иҷтимоии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафа ва рӯзҳои иди Рамазон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 2389 нафар сокинони шаҳр ба маблағи қариб 340 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуданд.