zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ҷамъомади ботантана бахшида ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор гардид.

Ҷамъомади ботантана бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ ёфта, дар ибтидо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифулло Аҳмадзода гулистониёнро аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ шодбош намуда, табрикоти Раиси вилоятро манзури ҳозирин намуд. Сипас Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода сокинони шаҳрро бо ҷашни фархундаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд.

Зикр гардид, ки расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Тамоми дастовардҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони шаҳри Гулистон дар марҳилаи ҳозира бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, аз мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ободонии кишвар мебошанд.

Дар қисми бадеӣ аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи марғуби консертӣ таҳти унвони “Ваҳдат – бақои миллат» манзури ҳозирин карда шуд.