zoofirma.ru

Дар толори ҶДММ ШКСТХ бо иштироки ҷомеаи меҳнатии кӯҳканони зарнисорӣ ва ҷавонони шаҳрак мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев, мудири маркази назорат ва таҳлили ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Киромиддин Мухторов баромад намуда, оид ба эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» дар тақвияти фазои имконот ва фаъолияти ҷавонони кишвар суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони Ваҳдати миллиро воқеъбинона ва дурусту ҳамаҷониба таҳлил намоем. Бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳамзистии бехалали халқҳои сокини кишвар тақвияти худи ниҳоди «шаҳрвандӣ» дар ҷомеа зарур аст. Мувофиқи мақсад аст, ки дар гуфтори имрӯзаи мо ба мафҳумҳои умумиятбахше чун «шаҳрвандони Тоҷикистон», «тоҷикистониён», «сокинони Тоҷикистон», «халқияти Тоҷикистон», «мардуми Тоҷикистон» ва монанди ин аҳамияти хосса дода шавад.

Ҳини баромадҳо сокинон ва ҷавонон, аз ҷумла Абдумалик Расулов, Моҳсафар Ҳоҷиева ва Сироҷиддин Боқиев шукронаи даврони соҳибистиқлолии кишвар, Ваҳдати миллӣ намуда, ҳамзамон, доир ба масоили мухталиф пешниҳодҳои мушаххас намуданд.