zoofirma.ru

Дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ байни наврасони мутаваллиди солҳои 2002-2003, ки дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд 12 нафар дастпарварони мактаби варзишии Гулистон оид ба каратэ WKF ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Суҳроб Каримов, Алишер Қаюмов, Аслиддин Акбаров ва Сино Холиқов дар вазнҳои худ ғолиб гардиданд. Роиҷ ба зикр аст, ки варзишгарони гулистонӣ дар ин мусобиқа чор медали тилло, панҷ медали биринҷӣ ва ду медали нуқраро ба даст оварданд.