zoofirma.ru

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣбуда, тамоми дигаргуниҳои ҷомеа дар он инъикос меёбанд. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша маркази таваҷҷўҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанўз, 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шўрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиноси мо равона гашта, аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба забон ба миён омаданд.Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 қабул гашта,ҳар сол дар ин сана Рўзи забони давлатӣҷашн гирифта мешавад.

Забони тоҷикӣ хеле қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чи дар гузашта ва чи дар рўзҳои мо ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонии худро эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони давлати бузурги тоҷикон – давлати Сомониён забони тоҷикӣ мақоми хоса дошт. Боз як нуқта ҷолиби зикр аст, ки баъд аз барҳам хўрдани давлати Сомониён дар тўли чандин аср сарфи назар аз он, ки халқи тоҷик тобеи шоҳону хонҳо, амирони ғайритоҷик буданд, забони тоҷикӣ бо вуҷуди кашмакашҳои хунин давр мавқеи давлатии худро нигоҳ дошт. Яъне дар замони ҳукмронии сулолаҳои гуногуни давлатдорон, аз қабили Ғазнавиён, Сулҷуқиён, Чингизиён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён тамоми муомилаву муносибати дохиливу хориҷии давлат, дипломатия, ҳуҷҷатнигоҳдорӣ тавассути забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Воситаи асосии муносибати байниҳамдигарии мардуми Осиёи Миёна дар тўли асрҳо забони тоҷикӣ будааст. Таърих гувоҳ аст, ки амирони туркнаҷоди сулолаи манғит, аз ҷумла амири охирини ин сулола Амир Олимхон худро тоҷик гуфта, ба равнақи забони тоҷикӣ мусоидат кардаанд. Онҳо фарзандони худро ба забони тоҷикӣ таълим медоданд. Дар пештоқи бинои Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ шеъри инсонпарваронаи Саъдии бузургвор:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

сабт шудааст, ки боз як далели рўшани шуҳрат ва бузургии забонитоҷикӣ мебошад.

Боиси ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки имрўз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу амонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар, диёри соҳибистиқлоли мо рўз аз рўз ободу зеботар мегардад ва аз ин рў мавқеи байналхалқии мамлакатамон дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барўмандтарин муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кунем. Вобаста ба ин, Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, Фарҳанг ва тамаддуни кўҳанбунёди халқҳо мебошанд, ки моро ба сўи Ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рў,ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд.

Бо самимият ҳамагонро бо Рўзи забонидавлатӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва комёбиву пирўзиҳо таманно менамоям.