zoofirma.ru

30-юми август дар толори шуъбаи маориф ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ҳузурдоштагони ҷаласаро ба ҷашни ҳумоюни миллӣ таҳният намуд. Сипас, озмуни шаҳрии «Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ» ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Барои ҷойҳои ифтихориро ноил гаштан ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати Адрасмон, ҶМ ТКММ «Апрелевка», беморхонаи Консой кўмаки аввалияи тиббии санитарӣ, осоишгоҳи «Баҳористон», КВ «ЭКГҚ», бахши фарҳанг бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфарозонида шуданд.

ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» соҳиби шоҳҷоиза шуд. Дар интиҳо як қатор фаъолони ҳизб бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.