zoofirma.ru

Адрасмон. 24-уми августи соли ҷорӣ дар ин ҷо семинар-машварат бо иштироки зиёда аз 100 нафар андозсупорандагон гузаронида шуд.

Муовини сардори нозироти андози шаҳр Йигиталӣ Майнусов роҷеъ ба тартиби андозбандӣ, фаъолияти соҳибкорӣ тибқи патент, дар асоси шаҳодатнома ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ҳарф зад. Инчунин дар бораи назорат ва санҷишҳои нозироти андоз мутобиқи боби 5, моддаҳои 28-42-и Кодекси андоз муфассал маълумот дод.

Соҳибкорон Абдуқодир Рўзиев, Асад Баротов, Сўҳроб Каримов, Орифҷон Муллоҷонов ва Барот Каримов ба саволҳои худ аз ҷониби намояндагони нозироти андоз посух гирифтанд.

Соҳибкорон бо иштирок дар семинар-машварат оид ба ўҳдадориҳои андоз ва муқаррароти қонунӣ маълумоти бештар пайдо намуданд.

Чунин чорабиниҳо тибқи ҳидояти сардори нозироти андози шаҳр Садриддин Калонзода доир гардида истодааст.