zoofirma.ru

9-уми август дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарё семинар-машварати дастурдиҳии Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.

Семинар-машварат бо қироати баромади Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода оғоз ёфт.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Ойнисо Раҳматова роҷеъ ба тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни пуршукўҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад. Доир ба таҷрибаи корӣ ва ташкили гўшаю ҳуҷҷатгузорӣ раиси ташкилоти ибтидоии Шўрои собиқадорони шаҳраки Сирдарё Султонбердӣ Каримбердиев баромад намуд.

Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Муҳаммадҷон Файзуллоев оид ба пешбурди кор, ҷиҳозонидани утоқи корӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ дастурҳои мушаххас дод. Иштирокдорони чорабинӣ бо фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии собиқадорони шаҳраки Сирдарё аз наздик шиносо гардиданд.