zoofirma.ru

Дар вилояти Суғд ғолибони ду даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чониби Сарвари давлат эълон гардидааст, муайян шуданд.

Аз рўи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа 18 маҳалла, 14 деҳа, 9 деҳот ва 8 шаҳрак соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла намунавӣ, якум, дуюм ва сеюм сазовор гардида, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар бахши Оилаи беҳтарин – оилаи А.Олимов аз ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Ўлҷабоев ва се ҷои ифтихорӣ – якум насиби оилаи М.Нўъмонов аз шаҳри Панҷакент, маҳаллаи Деваштич, Ҷамоати деҳоти Халифаҳасан, дуюм Н.Файзуллоев аз шаҳри Хуҷанд, кумитаи маҳаллаи Таги Сада ва сеюм М.Раҳимов шаҳри Гулистон, «Дўстии халқҳо» гардид.

Шаҳри Хуҷанд шаҳри беҳтарин ва се ҷои ифтихорӣ – шаҳри Панҷакент, шаҳри Гулистон ва шаҳри Исфара дониста шуданд.

Ҳамчунин, дар рафти баргузории мусобиқа аз ҷониби комиссияи баҳогузорӣ муайян гардид, ки анқариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, шаҳракҳову маҳаллаҳо дар ин самт барои иштирок дар мусобиқа омодагии хуб дидаанд.