zoofirma.ru

Нерўгоҳи Барқи обии «Қайроққум», ки яке аз нерўгоҳҳои куҳансолтарини Тоҷикистон ба шумор меравад, таҷдид мешавад.

Барои ин нерўгоҳ аз ҳисоби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо 70 млн.доллар маблағ ҷудо шудааст ва баъд аз таъмиру барқарорсозии 2 агрегат ва трансформаторҳо тавоноии нерўгоҳ аз 126 ба 148 мегаватт расонида мешавад.

Дар ин бора ба АМИТ Ховар Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд