zoofirma.ru

Бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба ифтихори истиқболи арзандаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон ҳафтумин китоб аз чоп баромад.

Дар маҷмўаи “Ороста чаман” 32 шеърҳои марғуби бачагонаи адиби ғунчамарги фозил Муҳаммадраҳими Илҳом фароҳам гардидааст. Илҳом Мадализода ва Абдуманнони Хаммор муҳаррирони китоби мазкур мебошанд.

Ороишгарон Нилуфар Ҳоҷибоева ва Нозанин Сулаймонова барои таваҷҷуҳи наврасонро ҷалб намудан дар ҳар як саҳифа аксҳои зебо кашидаанд.

“Ороста чаман” армуғони хубест ба хурдсолон ва завқу шавқи ононро ба китобу китобхонӣ мефизояд.