zoofirma.ru

Фаъолони шаҳр 21-уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон  Матлубахон Амонзода фаъолияти хоҷагии халқро дар идомаи шаш моҳи соли 2016, ки аз рўи ин масъала Абдуаҳад Каримов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр гузориш дод мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор доданд.

-Тайи  шаш моҳ  ба қисми даромади буҷети давлатӣ 42,8 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо  ворид гашт, ки он баробар ба 102,3 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар натиҷа ба буҷет 964,5 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳри 102,7 фоиз иҷро ва зиёда аз нақша 324,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Аз ёздаҳ намуди андозҳо  ду намуди андоз: андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз тибқи низоми соддакардашуда таъмин карда нашуд, - зикр дошт баромадкунанда.

Абдуаҳад Каримов, қайд намуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар шашмоҳа фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ бурда, ба маблағи 877 млн. 419,0 ҳаз. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 142,3 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 260 млн. 714,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 16-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 103,9% то ба 221,1% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Лекин 6-корхонаҳо: ҶДММ «Доломит»-62,4%, Нерўгоҳи барқи обӣ- 80,7%, ҶСК «Комбинати корхонаҳои истеҳсолӣ»-43,0%, ҶДММ «Принс»-32,3%, ҶДММ «Товус»-50,6% ва ҶДММ «Гранит 1»- 74,7 буда, бо сабабҳои гуногун афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро  дар давоми шашмоҳа нисбати ҳамин давраи соли гузашта, таъмин карда натавонистанд.

Баъдан мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Маҳбуба Шодиева, мудири бахши энергетика ва саноат Фазлиддин Орифов, сардори Раёсати андоз Садриддин Калонзода  аз рўи ин масъала ба музокира баромаданд.

Дар ҷараёни ҷаласа Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз масъулин дар иртибот ба камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ, густариши меҳнати хонагӣ, воридкунии таҷҳизотҳои замони муосир баҳри иҷрои Барномаҳои қабулшуда, истифодаи босамари амволи давлатӣ, нигоҳдории ҳолати дурусти роҳҳо, таваҷҷуҳи омўзгорон ба сатҳи малакаи донишандўзии хонандагон, пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тадбиқи Барномаҳои давлатии ба соҳаҳои тиббу маориф мутааллиқ, идомаи таъмиру тармими иншоотҳои фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба омўзиши касбу ҳунар, такмили малакаи тахассусӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии терроризму ифротгароӣ ва назорати доимӣ баҳри амалисозии Қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд.

Дар маҷлиси фаъолон намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдулатиф Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, баҳри рафъи камбудиҳо ва иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳо дод.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар поёни ҷаласаи ҷамъбастӣ аз фаъолони соҳоти гуногуни хоҷагии халқ ҷиҳати саривақт ва дар сатҳи баланд амалисозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди хоҷагии халқ дар ҳамаи самтҳо ва мусоидат кардан ба зиндагии шойистаи ҳар шаҳрванди кишвар ва ба ин васила истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.