zoofirma.ru

Мафҳуми варзиш ҳамеша дар ҳаракат буданро талқин менамояд. Мутахассисони соҳаи тиб баҳри саломатии инсон нақши бузургеро молик будани варзишро мудом таъкид доранд. Худи мафҳуми варзиш маънии ҳаракатро талқин менамояд.

–Афзалияти варзиш боз дар он аст, ки вобаста ба паҳну мўътадил дар ҳаракат будани хун кори дил хеле беҳтар мегардад, - мегўяд табиби варзида Насриддин Бадриев.

-Шахсе, ки ба варзиш машғул аст дар ҷисми худ сабўкӣ ва дар руҳи худ оромиш ва худ нерўмандиро эҳсос мекунад, - зимни суҳбат нақл кард иштирокчии чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд оид ба дастхобонӣ Хуршед Исматов.

Тавре директори мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳр Темурхон Қаюмов иттилоъ дод айни замон дар 12 сексияҳои гуногун ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш 27 нафар мураббӣ бо 670 нафар наврасону ҷавонон ба намуди дилхоҳи тарбияи ҷисмонӣ машғуланд.

Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи июн зиёда аз 30 мусобиқаҳои варзишӣ доир карда шуд. Намудҳои гуногуни варзиш, ба мисли шашкаю шоҳмот, давидан ба масофаи муайян, тенниси рўи миз, турниккашӣ, футбол, волейбол аз зумраи онҳо буд, ки зиёда аз 1300 нафарро фаро гирифт.

-Боиси хурсандист, ки имрўз ҷавонон бо дилпурӣ рў ба варзиш овардаанд ва дар кори таблиғи варзиш миёни наврасону ҷавонон мураббиёни мактаби варзишӣ нақши бориз доранд, - тақвият медиҳад Темурхон Қаюмов.