zoofirma.ru

8-уми июн ба қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 9 сол пур шуд.

Ба ин муносибат дар шаҳраки Сирдарё бо иштироки мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД Манучеҳр Шарипов, ваколатдори оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон Ў.Фатҳуллоев вохўрӣ бо фаъолон доир гардид. Раиси Ҷамоати шаҳрак Ойнисо Раҳматова оид ба ҳадафи чорабинӣ ҳарф зад.

Баъди баромади шахсони масъул собиқадорони меҳнат Малика Ҷўраева, Мушаррафа Шамсиддинова ва Нуриниссо Абдуҳакимова низ андешаҳои хешро роҷеъ ба риояи масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки кафолати беҳсозии вазъи иқтисодии оилавист иброз доштанд.