zoofirma.ru

3 - 4-уми июни соли равон дар толори варзишии “Истиқлол” мусобиқаи кушоди гўштини тарзи юнонӣ – румӣ доир гардид.

Мусобиқа дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ пайваста, он ба гиромидошти нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев бахшида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Саида Ғоибова ва намояндаи оилаи сарпараст Таваккал Файзуллоев ба иштирокдорон комёбӣ орзу карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи мусобиқа рушди тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ бахусус ҷавонон ба варзиш мебошад.

Варзишгарони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон ва ноҳияи Б.Ғафуров аз рўи 13 вазн миёни ҳам рақобат карданд. Дар мусобиқа 146 нафар варзишгарон иштирок доштанд. Ҳайати дастаи шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Абдуқодир Аминов баромад карда, бо ба даст овардани 22 медал мақоми аввалро соҳибӣ кард. Дастаи шаҳри Хуҷанд бошад бо 18 медал ҷойи дуюм ва дастаҳои Бўстону ноҳияи Б.Ғафуров ҷойҳои минбаъдаро ишғол намуданд.

Абдусамад Даминов (вазни 18 кило), Шаҳриёр Турсунов (21), Шамил Атахонов (38), Меҳробиддини Ибодулло (42), Фирдавс Тозагулхонов (46) ва Сиёвуши Хуҷамурод (54) ба гирифтани мақоми ифтихорӣ дар вазнҳои хеш даст ёфтанд. Аз ҳунарнамоии хуби варзишгарони гулистонӣ кулли мухлисон шод гардиданд. Ғолибон бо Ифтихорнома, медал ва тўҳфаҳои хотиравии таъсисгарони мусобиқа - оилаи Файзуллоевҳо сарфарозонида шуданд.