zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон даври аввали Мусибақаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид. Маҳаллаи №1-и маркази шаҳр, хонаи Муродҷон Ҳомидов, сокини шаҳри Гулистон, кўчаи ба номи А.Нозиров хонаи 9, ҳавлии 1 ва оилаи Муҳсин Раҳимов сокини шаҳри Гулистон, кўчаи ба номи А.Бойматов дар даври аввали мусобиқа пирўз гардиданд.

Айни замон корҳои ободкориву созандагӣ, шинонидани гулҳо, мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ ва таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ идома дорад ва бошандагони шаҳр дар ҷаҳди ононд, ки дар давраҳои минбаъда ба ғалаба ноил гарданд.