zoofirma.ru

22-юми май кулли бошандагони шаҳри Гулистон чун дигар мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз давлатдориву самари замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдати комил ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ – Рўзи раъйпурсии умумихалқӣ баҳри бунёди воқеан ҳам ҷомеаи демокративу ҳуқуқӣ, рушди устувору босуботи ҷомеа муташаккилона ширкат варзиданд.

Аз чеҳраҳои болидаи шаҳрвандон возеҳ буд, ки ҳама ҷонибдори инкишофи бемайлони дастовардҳои демократӣ, вазъи комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи мутамаддин ҳастанд.

Тибқи протоколи № 8-и комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Гулистон № 29 маълум гардид, ки теъдоди умумии иштирокчиёни раъйдиҳӣ 18 ҳазору 216 нафар буда, аз инҳо рўзи доиршавии маъракаи сиёсӣ 17 ҳазору 451 нафар ба тарафдории воридкунии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз шумораи умумии овоздиҳандагон 94,5 дарсад бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ  раъйи худро ба ҷонибдории воридкунии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дода, дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат варзиданд.

-Баргузории чунин як маъракаи муҳими сиёсӣ ин далели боз як такони ҷомеа баҳри ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин расидан ба сатҳи баланди рўзгори мардуми кишвар мебошад,- гуфт намояндаи миллати рус Борис Архипов, ки  дар участкаи раъйпурсии №4, раъйи хешро бо умеди осудагиву ободии ин кишвари азиз ва боз ҳам баланд шудани сатҳу сифати зиндагии шоиста медод.

Яке аз самтҳои тағйиру иловаҳо ба тақвияти сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст.

Ҷавононе, ки бори аввал дар воридкунии тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо раъйи хешро медоданд, шукргузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ доштанд.

-Ҳарчанд ман ва ҳамсолонам бори аввал  дар чунин  маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок дорем, вале ба хубӣ дарк мекунем, ки маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия заминаи мусоид ва асосӣ барои фароҳам овардани шароити арзанда баҳри фаъолияти кориву зиндагӣ ва инкишофи озодонаи ҳар шахс мегардад, - андешаҳои хешро чунин шарҳ дод Ҳаёт Ахмедов , дар участкаи раъйпурсии №5, ки раиси комиссия Шарофиддин Маносиров буд ва рўҳияи болидаи раъйдиҳандагон аз фароҳамии тамоми шароити хуби  ин чорабинии умумихалқӣ дарак медод.

Баргузории Раъйпурсии умумихалқӣ дар шароити кунунии кишвар бори дигар собит сохт, ки аҳолии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ташаккул бахшидани сохторҳои давлатӣ мутобиқ ба меъёрхои байналмилалӣ, инкишофи демократия дар ҷомеа ва бунёди кишвари воқеан ҳам шаҳрандиву ҳуқуқӣ дар талош ва такопўй хоҳанд буд.