zoofirma.ru

19-уми май дар “Кохи Истиқлол” озмуни шаҳрии “Шукуфаҳои Истиқлол” ба истиқболи Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар доираи чорабиниҳои идона ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ доир гардид.

8 нафар тарбиятгирандагони кўдакистонҳои маркази шаҳр ва шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё, Консой, Чоруқдаррон ва Зарнисор аз рўи панҷ шарт баромад намуданд.

Нурия Исматова аз кўдакистони “Офтобак” нисбати ҳамсолон бартарӣ нишон дода, соҳиби “Шоҳҷоиза” шуд.

Дилноза Вафоева аз кўдакистони “Уқобак”-и шаҳраки Консой сазовори холи баланд гардида, мақоми аввалро соҳибӣ кард. Суҳайл Ахмедов (“Суғдиён”), Моҳрухсор Бобокалонова (“Ситора”), Ҳамроза Шарифова (“Бобуна”), Шаҳбоз Раҳмонназаров (“Бунафша”), Имомиддин Ҳомидов (№9, Зарнисор) ва Севара Иброҳимова (№5, Чоруқдаррон) ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф ва бахши фарҳанг қадр гардиданд.