zoofirma.ru

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон байни хонандагони синфҳои 9 ва 10-и муассисаҳои таълимии рақамҳои 4, 5, 7, 12 ва 13 озмуни «Математикони ҷавон»-ро гузаронид.

Ҳадаф аз гузаронидани ин озмун дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон байни хонандагон, сайқал додани донишу маҳорат, ҷаҳонбинӣ, мустаҳкам намудани донишҳои азхудкардаи онҳо, инкишофи қобилияти эҷодкориву лаёқат, истеъдоди хонандагон, равонсозии майлу рағбати онҳо ва бо ҷиддияти тамом омўхтани  фанҳои риёзӣ маҳсуб меёбад, ки ин нуқта дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст.

Озмун дар МТМУ №7 баргузор ва дар он 5 дастаи мунтахаб аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 4 (Ал-Хоразмӣ), 5 (Архимед), 7 (Умари Хайём), 12 (Пифагор) ва 13 (Математикони ҷавон) иштирок намуданд.

Саломнома, саволу ҷавоб, саҳначаи ҳаҷвӣ ва намоиши аёниятҳои худсози хонандагон аз фанҳои риёзӣ (буклет, расм, фигураҳои геометрӣ ва амсоли инҳо) аз шартҳои озмунӣ буданд.

Дар даври ниҳоӣ бо гирифтани 56 ҳол мақоми аввалро дастаи «Умари Хайём» (аз МТМУ №7) соҳибӣ кард. Дастаҳои «Архимед» (аз МТМУ №5) ва «Математикони ҷавон» (аз МТМУ №13) ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Ғолибон бо Ифтихорномаҳои шуъбаи маориф қадр гардиданд.