zoofirma.ru

Рўзҳои 11-14-уми май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони соли таваллудашон 2002-2005 ба шарафи поси хотири Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ўктам Тошматов доир шуд. Ҳайати дастаи шаҳри Гулистонро 7 нафар варзишгарони адрасмонӣ таҳти сарварии мураббӣ Муҳаммад Турсунов намояндагӣ намуданд.

Акмал Абдулазизов дар вазни 54 килограмм ҳарифони хешро мағлуб карда, мақоми аввалро соҳиб гашт. Амиршоҳ Ҷалолов, Шоҳрав Турсунов, Беҳрўз Турсунов ва Ислом Пўлотов дар вазнҳои худ соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медал, диплом ва мукофотҳои хотиравӣ сарфарозонида шуданд.