zoofirma.ru

Мо истиқоматкунандагони шаҳри Гулистон, кўчаи ба номи Мирзо Турсунзода хонаҳои 3,5,7 аз набудани оби нўшокӣ хеле танқисӣ мекашидем. Барои ҳалли ин масъала ба Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода муроҷиат намудем. Хушбахтона ин муаммо бо зудӣ ҳалли худро ёфт. Мутахассисони корхонаи обтаъминкунии шаҳр ва мутассадиёни бахши нақлиёт ва коммуникатсияи МИҲД-и шаҳр масъалаи мазкурро дар ҷояш мавриди ҳаллу фасл қарор доданд.

Кулли бошандагони маҳаллаи номбурда тавассути нашрияи дўстдоштаамон “Соҳил” ба Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода барои ҳалли саривақтии мушкилотамон ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ изҳори сипос менамоем.

Бо эҳтиром, сокинони шаҳр: Р. Соқиева, С. Каримова, М. Амонова, Б. Назирова, Э. Нурматова, А. Маҷамилова, О. Мадумарова, А. Абдулакимов ва дигарон.