zoofirma.ru

Санаи 28.03.2024 дар маҳаллаи 2-и маркази шаҳр, кӯчаи "Дӯстии халқҳо" бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд,  бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Сафаров Раҷабалӣ корманди шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Бахтовар Ҷуразода мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Отаҷонова Шарифа муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи ки 9 март дар Кохи “Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мулоқот карданд.

Нахуст, Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат ибрози андеша намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба таассубу хурофот, экстремизму терроризм, сабаб ва омилҳои хатару таҳдидҳо, пешгирии рӯ овардан ба фарҳанги бегона ва бархӯрди фарҳангу манфиатҳо суханронӣ карда шуд.