zoofirma.ru

Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки "Апрелевка" санги асос гузошта шуд.

Коргоҳи мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории корхонаи "Апрелевка" ва ҶСК «Технологияи коркард» якҷо бо ширкати илмӣ ва истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Россия сохта хоҳад шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар оғози корҳои бунёдии коргоҳ иброз дошт, ки дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вилоят саноати куҳӣ-металлургӣ рушд карда, воридсозии таҷҳизоти замонавӣ имкон медиҳад, ки партовҳои истеҳсолӣ низ коркард карда шавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навбунёд коркарди то 100 тонна партов дар як соат буда, дар оянда он то ба 150-200 тонна расонида хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар коргоҳ то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.

Бояд қайд намуд, ки «Апрелевка» аз корхонаҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият мебарад. Айни замон дар ин корхона наздик 1000 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва маоши хуб фаро гирифта шуда, ҳамасола ҳаҷми истехсоли махсулот дар корхона зиёд мегардад.

Давоми соли 2023 корхонаи мазкур ба маблағи умумии 212,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудааст, ки назар ба соли қаблӣ бештар мебошад.