zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳрро табрику таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки Рўзи модар дар кишвар бо пешниҳод ва ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таъкид намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки имрӯз дар Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳр бонувон фаъолияти пурсамар нишон дода, дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр нақши бориз доранд.

Дар фарҷом ба бонувон-кормандони Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳр туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Бонувон доир ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.