zoofirma.ru

Санаи 14.02.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати шаҳраки Консой аз ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дидан намуд.

Нахуст Раиси шаҳр бо лоиҳаи бунёди дарвозаи даромадгоҳи шаҳраки Консой шинос гардида, ҷиҳати бо тарҳи наву замонавӣ сохтани он ба масъулин супориш дод.

Сипас, аз вазъи фаъолияти муассисаи таълимии томактабии шаҳрак дидан карда шуд. Тибқи нақша муассисисаи мазкур таъмиру азнавсозӣ карда мешавад. Вобаста ба ин масъала, ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ ба масъулин ва маъмурияти муассиса дастур доа шуд.

Ҳамчунин, аз рафти таъмиру азнавсозии беморхонаи ҷамоати шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таъмиру азнавсозӣ дар марҳила анҷомёбист.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати таҷлили ҷашнӣ 35-солагии истиқлоли давлатӣ  дар шаҳраки Консой 12 иншоот ба нақша гирифта шуда, 6 адади он ба иҷро расидааст.