zoofirma.ru

Санаи 05.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид.

Комиссия таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.

Зикр карда шуд, ки Комиссия барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ин давра мунтазам бо аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ба масъулин ёрии методӣ расонид.

Сипас, таҳлили фаъолияти Комиссия ҷараён гирифта дар назди масъулин барои пурзӯр намудани фаъолияти кории Комиссия дар давоми сол вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати мубоиза бо ин падидаи номатлуб, ки монеи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мегардад фаъолияти дастаҷамъона бурда шуда, ҳар як фард бояд дар ин самт саҳми бевоситаи худро гузорад.