zoofirma.ru

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ қарори Раиси шаҳри Гулистон таҳти №97, аз 6-уми апрели соли 2016 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2016-2018” ба тасвиб расид. Мудирони шуъбаю бахш ва раисони Ҷамоати шаҳракҳо вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои қарор тадбирҳои зарурӣ андешанд.