zoofirma.ru

Бузургон мегӯянд, «Хонаи бе китоб мисли рӯзи беофтоб аст». Дар воқеъ, агар рӯзе офтоб надурахшад ё дар фасли ҳосилпаз офтоб тулӯъ накунад, ҳатман меваҳои дарахтон нопухта мемонанд. Мисли ҳамин, дар ҳар хона ва ё дар ҳар ҷомае, ки китоб ва ё китобхона набошад, ҷавонони он ҷомеа, ки ҳукми меваҳоро доранд, хому норасида мемонанд.

9-уми апрел дар муассисаи таълимии №4-и деҳаи Гулдара маросими расмии рӯнамои китоби панҷуми соҳибқалами ҷавон, узви доираи адабии «Илҳом»-и шаҳри Гулистон Муҳаммад Гулбой бо номи «Фидоиён» доир гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо ибтикори доираи адабии «Илҳом» ва Созмони ибтидоии шаҳрии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Маҷмӯъ фарогири «Соли фарди солим» буда, муаллиф заҳмати шаборӯзии ҳомиёни саломатиро, ки дар шаҳраки Адрасмон содиқ ба савганди Ҳиппократ пайи ифои вазифаи касбианд самимона пешкаши хонанда намудааст.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомаеи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, сарвари доираи адабии «Илҳом» Илҳом Мадализода оғоз ёфт. Сипас, дар назди ҳозирин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯринбой Усмонов, сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода, сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқнома» Сайфуллохон Қорихонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақ сӯзи» Зоҳидҷон Тоштемиров, муовини раиси ҷамъияти фарҳангии ӯзбекзабонони вилоят Абдурашид Бургутов, адибони ӯзбекзабон Шариф Нуриддин ва Ойгул Деҳқонова, директори МТМУ-и №4 Худойбердӣ Мирзоев ва сардухтури беморхонаи шаҳраки Адрасмон Ҳайдаралӣ Маюнусов сухан гуфтанд.

Намояндагони оилаи Муҳаммад Гулбой – модараш Буҳоҷал ва хоҳараш Шаҳноза Солиеваҳо, ҳофизи шинохта Дадоҷон Қосимов, санъатварони Кохи фарҳанги шаҳрак бо сарварии Турғунбой Тиркашев, ҳаваскорони санъати муассисаҳои таълимии рақамҳои 4 ва 12-и деҳаҳои Гулдараю Зарчашма бо баромадҳои ҷолиб маҳфилро шаҳомату хотири ҳузурдоштагонро болидагӣ бахшиданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардида, дар тарғиби китоби нав рӯнамои он ба аҳли ҷамъомадагон нақши назаррас бозида, собит сохт, ки имрӯз чун пештара мардум ба китоб меҳр дораду китобро анису маслиҳатгари хеш меҳисобад.