zoofirma.ru

Санаи 26.05.2023 оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, бартараф намудани хушунат дар оила ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон мизи мудаввар ва семинар-тренинг дар маркази таълими калонсолон баргузор гардид.

Дар семинар-тренинг намояндагон аз маркази таълими калонсолон, занҳои хонашин ва занҳои болаёқат иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр доир ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунат дар оила ва ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, иштирокчиён низ доир ба ин мавзуъҳои фикру ақидаҳои хешро баён намуданд.