zoofirma.ru

Бо ибтикори омӯзгори тарбияи ҷисмонии МТМУ-и №13 Муҳаммад Турсунов мусобиқаи кушод оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи Модар баргузор шуд. Дар он дастаҳои волейболбоздухтарони ноҳияҳои Ашту Б.Ғафуров ва шаҳри Гулистон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаҳои ноҳияи Ашт (МТМУ-и №27) соҳиби ҷойи аввал ва дастаҳои Гулистон (МТМУ-и №13), ноҳияи Б.Ғафуров (МТМУ-и №52) ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.