zoofirma.ru

Имрӯз, 13.03.2023 дар тарабхонаи “Соҳил”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни “Таомҳои миллӣ” бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги зебоипарастӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ, инчунин муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён баргузор гардид.

Дар озмун ҷамоати шаҳракҳо ва муассисаву ташкилотҳои шаҳр иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон тибқи талаботи низомномаи озмун онро ҷамъбаст намуда, муайян кард, ки иштирокчиён бо як маҳорати баланд бо истифодаи сарфакории моҳирона, зебову дилписанд, бо риояи анъанаҳои миллӣ, пешниҳоди анвои гуногуни хӯрокворӣ, нӯшобаҳо, шириниҳо ва дигар навъи таому хӯришҳо миллиро омода намудаанд.

Дар натиҷаи хулосаи ҳакамони озмун ҷойи аввал насиби Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, ҷойи дуюм насиби Ҷамоати шаҳраки Консой ва ҷойи сеюм насиби Ҷамоати шаҳраки Сирдарё гардид.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфа ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.