zoofirma.ru

Имрӯз, 11.03.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аҳли қаламкашони шаҳрро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ва 25-солагии таъсисёбии рӯзномаии шаҳрии “Соҳил” муборакбод намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар воқеъ матбуот аслиҳаи тавонои тарғибу ташвиқот, воситаи оммавию ҷиддии таъсиррасонӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии омма ба ҳисоб меравад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа, иттилоърасонӣ ба мардум ва сарҷамъиву иттиҳод воситаҳои ахбори омма яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа васоити ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими таҷассумгари ҳаёт табдил додааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ ба рушди бонизоми матбуот, дастгириву ҳавасмандгардонии аҳли қалам кӯшишҳои судмандро ба роҳ монда, аз неруи қалониву зеҳнии кормандони соҳа васеъ истифода менамояд.

Боиси хушнудист, ки нахустин шумораи рӯзномаи расмии шаҳр «Соҳил» маҳз дар даврони истиқлолият бисту панҷ сол муқаддам, бо ташаббуси рӯзноманигор Илҳом Раҳим нашр гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шуруъ аз соли 2017, рӯзнома ба тарзи офсетӣ ва дуранга, бо теъдоди як ҳазор нусха бо сифати баланд нашр мегардад.

Дар давоми бисту панҷ соли мавҷудияти худ беш аз ҳазору яксаду ҳаштод шумораи он дастраси муштариён гардидааст. Дар ин росто заҳмати зиёди аҳли эҷод ва мухбирони ҷамоатии рӯзномаи шаҳрӣ низ баръало ба назар мерасад.

Изҳори итминон карда шуд, ки хабарнигорони рӯзномаи шаҳрии «Соҳил» минбаъд низ бо такя ба дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат дар кори баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи комёбиҳои шаҳр фаъолияти худро густариш дода, барои таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявиамон хизматҳои шоиста хоҳад намуд.

Сипас, матбуотчиён бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, аҳли қалам ҷиҳати таваҷҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаи матбуот ба Раиси шаҳр изҳори сипос намуданд.