zoofirma.ru

5-уми март дар варзишгоҳи шаҳраки Адрасмон вохӯрии рафиқонаи дастаҳои «Адрасмон» ва «Қайроққум» доир гардид. Соҳибони майдон нисбати ҳарифон бартарӣ нишон дода, ба ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд. Тӯбҳоро ба дарвозаи меҳмонон Санъат Баротов ва Толибҷон Холқӯзиев ба ҳадаф расонданд.