zoofirma.ru

Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони  хизмати ҳарбӣ ва модарони фарзандгумкардаро аёдат намуд.

Дар вақти суҳбат  Раиси шаҳр таъкид намуд, ки меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор ҳамеша қадр шуда, фаъолияти бенуқсони онҳо мактаби бузург барои тарбияи насли ҷавон аст.

Раиси шаҳри Гулистон 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорону модарони фарзандгумкарда ва аҳли оилаи онҳо табрик гуфта, барояшон маводҳои яквақтинаи ниёзи аввал тақдим намуд.

Собиқадорон аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.