zoofirma.ru

Имрӯз, 22.02.2023 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо фарорасии 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборакбод намуд.

Дар вазъи тантанавӣ афсарон ва сарбозони фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, гузашти низомии афсарони қисми ҳарбӣ баргузор гардид.

 

Ҳамчунин, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз вазъи будубош ва шароити хизматии сарбозон дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қисми ҳарбии мазкур барои сарбозон шароити хуб барои хизмати ҳарбӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамчунин, барои сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастархони идона ороста шуд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро баҳри болидарӯҳии сарбозон манзур намуданд.