zoofirma.ru

Имрӯз, 21.02.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сокинони шаҳрро бо ин фарорасии 30-юмин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.

Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозон қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.

Имрӯз метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии 30 сол пеш таъсисгардида ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбег Накҳатзода табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорон расонид.

Дар вазъи тантанавӣ Раиси шаҳри ГУлистон Раъно Ҳошимзода бо медали ҷашнии 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Сипас, як чанд нафар фаъолони соҳа бо сипосномаи Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, фаъолон ва собиқадорони соҳа бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокчиён намуданд.