zoofirma.ru

Имрӯз, 17.02.2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар қисми ҳарбии 45025-и КҲФ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрӣ таҳти унвони "Аёдати модарон" бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оила Матлубахон Сатторова ва раиси Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Мушарраф Охунова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи сарбозон расонид.

Ҳамчунин, аз таърихи таъсисёбӣ ва ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

Сипас, аз вазъи будубош ва шароити хизмати сарбозон дидан карда шуд.

Аз ҷониби бонувони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё барои сарбозон маҳсулоти нониву қаннодӣ, мевагӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.