zoofirma.ru

Имрӯз, 13.02.2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур масъулини шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон иштирок намуданд.

Вохӯриро Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оғоз намуд.

Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сарбозону афсарон расонид.

Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тулонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши он ро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем.

Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз вазъи мураккаби ҳарбию сиёсӣ, ба ҳалли мушкилоти сохтори ташкиливу низомӣ, таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз қабили қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Миллӣ таъсис ёфта, ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.

Сипас, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Матлуба Сатторова и.в мудири бахши кор бо занон ва оила ва Наргиза Бердиева раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон доир ба таърихи таъсисёбӣ ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби бонувони Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон барои сарбозон маҳсулоти нониву қаннодӣ, мевагӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Сипас, аз вазъи будубоши сарбозон дидан карда шуд.