zoofirma.ru

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии кӯдакону наврасон, ташаккули инсони комил ва ҳифзи  манфиатҳои миллӣ, аз худ намудани барномаи омодагии дифои ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ, ташаббускорӣ ва худфаъолиятӣ,  ҷасорату зиракӣ, мустаҳкам гардидани дӯстиву рафоқат, инкишоф ва оммавияти мусобиқаи варзишӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муайян намудани ҳайати дастаи беҳтарин ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ба истиқболи 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Раëсати маорифи вилоят аз санаи 25.01.2023, N28 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр аз 27.01.2023, N12 бо корбарии Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон"  санаи 10-уми феврали соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии  №1 бо иштироки мудири шуъбаи маорифи шаҳр, Раиси КШ ТҶММ, намояндаи МТИВ озмуни вилоятии ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" дар байни муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Озмун аз рӯйи 5 шарт:  машқҳои сафороӣ аз рӯйи 7 самт, тарбияи ҷисмонӣ дар се бахш, омодагии дифои ҳарбӣ - ҷо ба ҷо намудани автомати  Калашников, мудофиаи гражданӣ- пӯшидани ниқоби зиддигазӣ ва нишонзанӣ баргузор карда шуд.

Дар натиҷа дастаи МТМУ №12 сазовори ҷойи аввал,  дастаи МТМУ №1 - ҷойи дуюм ва  дастаи МТМУ №13 - ҷойи сеюмро соҳиб гардид.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз рӯйи бахшҳо бо диплом ва медал қадршиносӣ карда шуданд.