zoofirma.ru

Имрӯз, 09.02.2022 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 45025-и КҲФ Ҷумҳурии Тоҷикистон да вилояти Суғд маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ-кафили сулҳу ваҳдат ва истиқлоли миллӣ” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши окр бо ҷавонон ва варзиш, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Хайрулло Сатторзода комиссари ҳарбии шаҳр ва намояндагони Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Баҳром Мирсаид директори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Дилором Солибоева шоира, Маҳина Негматуллоева намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, муовини директор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрии мазкур аз таърихи таъсисёбӣ ва ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои дилнишин рӯҳияи сарбозонро болида гардониданд.