zoofirma.ru

8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҳоли Насриддин Бадриев ва Акбаралӣ Усмоналиев хабар гирифта, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки Насриддин Бадриев соли 1954 таваллуд шуда, пас аз хасти донишгоҳи тиббӣ солҳои зиёд ҳамчун духтури амрози дарунӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон​ кор кардаааст.​

Акбаралӣ​ Усмоналиев соли 1953 таваллуд шуда, зиёда аз 30​ сол дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат қайд намуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати​ собиқадорони меҳнат мунтазам ғамхорӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд