zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, бо фаъол шудани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.​ 8 декабр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои нав шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонии кишвар​ гузошта истодаанд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки фабрикаи парандапарварии​ ҶДММ «Мурғи бебаҳо» дар масоҳати наздик 2 га сохта шуда, дар он 10 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳоло таҷҳизоти зарурӣ барои фабрика ворид гардида, 20 ҳазор сар чӯҷа парвариш карда мешавад.​

Дар фабрикаи парандапарварии «Ганҷи сомон» бошад парвариши 50 ҳазор сар мурғ ба роҳ монда хоҳад шуд ва айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дорад.

Дар шаҳри Гулистон чанде қабл​ бо ташаббуси​ соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ барои 250 нафар оғоз ёфта буд.​ Раиси вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода бо​ ҷараёни корҳои сохтмонии иншоот​ шинос гардида, бунёди боз як осоишгоҳи​ замонавӣ дар соҳили Баҳри тоҷикро барои​ ҳифзи солимии ҷомеа ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ​ саривақтӣ арзёбӣ намуд.​ Зеро​ шаҳри Гулистон минтақаи сайёҳӣ буда, дар тӯли солҳои хоир ба як макони дӯстдошта ва истироҳатии сокинони дохилу хориҷи мамлакат табдил ёфтааст.

Ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дода шуд.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” бошад роҳбари вилоят омодагиҳо барои бунёди сехи нави истеҳсолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар корхонаи азими саноатӣ сехи истеҳсоли қолинҳои тафтингӣ ташкил гардида, хатҳои истеҳсолӣ аз Ҳиндустон, Австрия ва Олмон ворид карда мешавад.​

Бояд зикр намуд, ки корхона бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабулу татбиқ гардидани барномаҳои соҳавӣ ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида,​ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти корхона дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони зиёд дошта, қолинҳои истеҳсолшаванда сифати олӣ доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд