zoofirma.ru

Имрӯз, 03.12.2022 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар асоси  барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро баргузории ҳашари тозагиву ободониро дар шаҳр ба роҳ монд.

Намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, коллеҷи тиббӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба ҳашари тозагиву ободонӣ баромаданд.

Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.

Дар ҳашати тозагиву ободонӣ аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса,ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хиёбону гулгаштҳоро  хазони дарахтон, хасу хошок тоза намуда,баровардани партовҳоро ба роҳ монданд.

Инчунин, дар ҷамоати шаҳракҳо низ корҳои поккориву озодагардонӣ ба роҳ монда шуд.